Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти як қурбонии латукӯби пулиси қирғиз


Як шаҳрванди узбактабори Русия дар пайи латукӯб аз сӯи пулиси маҳаллӣ дар ҷануби Қирғизистон даргузашт. Додомирзо Холмирзоев рӯзи 9 август дар бемористони Ҷалолобод аз олам чашм пӯшид.
Ташхисоти тиббӣ шикастани чанд қабурға ва ҷароҳатҳои дигар дар бадани ӯро таъйид кардааст.
Талант Қунақбоев, сухангӯи додситонии кулли Қирғизистон гуфт, Холмирзоевро рӯзи 7 август ҳангоми бозпурсӣ пиромуни даргириҳои қавмии як соли пеш байни қирғизҳову узбакҳо латукӯб кардаанд. Ин қазияро додситонии ноҳияи Бозорқӯрғон таҳқиқ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG