Пайвандҳои дастрасӣ

Фишори ҷаҳон алайҳи Сурия бештар мешавад


Асад дар мулоқот бо Довудуғлу

Қарор аст, фиристодаҳои Бразилияву Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ имрӯз дар идомаи афзоиши фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Сурия дар Димишқ қатъи саркӯбии эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асадро талаб кунанд. Ин сафар ба дунболи боздиди дирӯзаи вазири хориҷаи Туркия аз Димишқ аст. Аҳмад Довудуғлу, ки бо президент Асад мулоқот дошт, гуфт, ки Туркия қатъи ҳамлаҳои пурқурбонӣ болои мардуми мулкиро тақозо мекунад. Аммо Асад гуфтааст, ки давлати ӯ ба таъқиби, ба таъбири ӯ, «гурӯҳҳои террористӣ» идома хоҳад дод.
Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, аз моҳи март ба ин сӯ дар ҷараёни эътирозҳои Сурия ҳудуди 1700 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG