Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ду муштзани тоҷик - Анвар Юнусов ва Мададӣ Нағзибеков ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 56 кг баъди пирӯзӣ бар Мадӣ Шулакови қазоқистонӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 22:12 ба нимфинал баромад.

Мададӣ Нағзибеков бошад, дар вазни то 60 кг бар Ҷай Бҳагвани ҳиндустонӣ бо ҳисоби 26:16 дастболо шуд ва ба сабқати ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Ҳамин тариқ, ба ғайр аз Тоҷикистон, боз муштзанҳои 14 кишвари қора ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниманиҳоӣ мушарраф шудаанд. Аз ҳама бештар – 6 нафар аз Чин ва 5 нафар аз Қазоқистон ба нимфинал баромадаанд.

Инчунин чаҳорнафарӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Узбакистон ва Ҳиндустон, се нафар аз Ҳиндустон, дунафарӣ аз Тоҷикистон, Урдун, Тайван, Қирғизистон ва Эрон, якнафарӣ аз Ироқ, Филиппин, Сурия ва Туркманистон муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ идома медиҳанд.

Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси Осиё рӯзи 12-уми август маълум хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG