Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти Маскав алайҳи мақомоти Амрико


Сергей Магнитский - мояи таниши нави Русия бо Амрико
Сергей Магнитский - мояи таниши нави Русия бо Амрико
Маскав як идда аз мақомоти Амрикоро мамнӯъулвуруд эълон кард. Рӯзномаи «Коммерсант»-и чопи Маскав аз қавли мақомоти вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки «рӯйхати сиёҳ»-и Маскав он мақомоти амрикоиро дар бар мегирад, ки ба гуфтаи ин мақомот, дар нақзи ҳуқуқи атбоъи Русия, аз ҷумла тоҷири силоҳ Виктор Бут, ки дар Амрико дар интизори оғози додгоҳаш дар боздошт ба сар мебарад, даст доранд. Ин феҳраст дар посух ба рӯйхати он мақомоти русист, ки Амрико ба далели даст доштан дар ҳалокати вакили мудофеъ Сергей Магнитский аз ҳаққи раводид маҳрум кардааст. Магнитский моҳи ноябри соли 2009 дар боздошт даргузашт.
Хабари охир баёнгари идомаи танишҳоест, ки равобити Амрикову Русия дар ин авохир дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG