Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаводиси чанд рӯзи оянда барои Туркия ва Сурия ҳаётӣ хоҳад буд"


Мулоқоти Башшор Асад бо вазири умури хориҷии Туркия
Мулоқоти Башшор Асад бо вазири умури хориҷии Туркия

Вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, ки ҳаводиси рӯзҳои оянда «ҳам барои Сурия ва ҳам барои Туркия ҳаётӣ хоҳад буд.»

Аҳмад Довутуғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ки пас аз бозгашт аз Сурия дар як нишасти хабарӣ дар Анқара сӯҳбат мекард, таъкид кард ки «аввалин ҳадафи Туркия поён ёфтани қатли ғайринизомиҳост.»

Ин мақоми турк таъкид кард, ки интизороти Туркияро барои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва дигар мақомоти ин кишар «возеҳ ва шаффоф» шарҳ дода ва паёмҳои нахуствазир ва раиси ҷумҳури Туркияро ба оқои Асад расонидааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки музокироти ин мақоми турк бо мақомоти суриягӣ идома дошт, нерӯҳои низомӣ ва амниятии Сурия ба самти шарқи ин кишвар ва наздик бо марзи Туркия ҳаракат карда ва ба саркӯби мӯътаризон ва шаҳрвандони суриягӣ идома доданд. Ин иқдомот дастикам 20 кушта бар ҷой гузошт.

Хабаргузориҳо пеш аз ин эълом карда буданд, ки вазири умури хориҷии Туркия ҳомили паёме аз Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико низ барои Асад аст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, Башшор Асад дар посух ба назароти вазири умури хориҷии Туркия бори дигар қиёми мардуми ин кишварро «тавтеаи хориҷӣ» дониста ва эълом кардааст, ки амалиёти артиши ин кишвар дар шаҳрҳоро поён нахоҳад дод.

Ин вокуниши оқои Асад ибрози яъс ва ноумедии вазорати хориҷии Амрикоро ба дунбол дошт, ки ҳамчунин эълом кард, қарор аст Ҳиллари Клинтон дар бораи натоиҷи сафари вазири умури хориҷии Туркия, бо ӯ ба гуфтугӯ биншинад.

Дар ҳамин замина сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе изҳори назар кард, ки «боиси таассуфи амиқ аст, ки зоҳиран оқои Асад садои ҷомеаи байнулмилалиро, ки ҳар рӯз баландтар мешавад, намешунавад.»

Дар ҳоле, ки гуфта мешавад нооромиҳои Сурия то кунун беш аз 1600 кушта доштааст, дар чанд рӯзи ахир чанд кишваре, ки то кунун хомӯшӣ ихтиёр карда буданд, ба интиқод аз ин иқдомоти Асад пардохтанд.

Арабистон Саудӣ ва ба дунболи он Кувейт ва Баҳрайн сафирони худро аз ин кишвар фарор хонданд ва Туркия, ҳамсоя ва муттаҳиди наздики Сурия дар чанд рӯзи ахир бар интиқодоти худ аз иқдомоти Асад афзудааст.

Ба гуфтаи Аҳмад Довудуғлу, Туркия ба интиқоли сулҳомез ва таваам бо оромиши қудрат дар Сурия умед дорад то мардуми ин кишвар худ дар бораи ояндаашон тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG