Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Тимошенко дар Киев аз сар гирифта шуд


Тазоҳуроти тарафдорони Тимошенко дар Лвов
Тазоҳуроти тарафдорони Тимошенко дар Лвов
Имрӯз додгоҳи сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко аз сар гирифта шуд. Тимошенко ба сӯъиистифода аз мақом айбдор мешавад, вале тарафдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меноманд. Ӯ рӯзи ҷумъа баъди онки додгоҳро василаи аз ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ маҳрум кардани худ номид, боздошт шуд.
Чехияву Словакия ва Маҷористону Лаҳистон – 4 кишвари коммунистии собиқ – боздошти Тимошенкоро маҳкум карда, гуфтаанд, ки чунин ҳукм ҳамсанги иттиҳомоти алайҳи ӯ нест. Вазорати хориҷаи Амрико низ ба раҳоии билофосилаи Тимошенко даъват кардааст. Имрӯз дар додгоҳи Юлия Тимошенко дипломатҳо аз Амрикову Испания ва Бритониё ширкат хоҳанд ҷуст.
XS
SM
MD
LG