Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи Тоҷикистон 10 миллиард хоҳад шуд


Вазорати молияи Тоҷикистон ба таҳияи тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли 2012 шурӯъ кардааст. Як манбаъи хабаргузории «Авасто» гуфтааст, ҳаҷми будҷа назар ба соли равон 1,6 миллиард сомонӣ афзуда, зери 10 миллиард сомонӣ ё ҳудуди 2,1 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Як далели афзоиши ҳаҷми будҷа қарори ахири ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз 1 сентябр аз 30 то 330 дарсад боло бурдани маоши кормандони будҷавиро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG