Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА бозии Тоҷикистону Сурияро бозбинӣ мекунад


Тоҷикистон бозии дуввум бо Сурияро дар Турсунзода бо ҳисоби 0:4 бохт
Тоҷикистон бозии дуввум бо Сурияро дар Турсунзода бо ҳисоби 0:4 бохт
ФИФА, Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол, ба таҳқиқи шикояти Федеросиюни футболи Тоҷикистон(ФФТ) дар робита ба натиҷаи бозии дуввуми Тоҷикистону Сурия оғоз кардааст. Раҳбари идораи ФИФА Гордон Савич дар як номаи расмӣ Душанберо аз шурӯъи таҳқиқи «парвандаи Жорж Мурод» хабар дод. Шералӣ Давлатов, дабири кулли ФФТ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозигар қаблан ду дафъа дар ҳайъати тими Шветсия бозӣ карда, ба ин далел ҳаққи ширкат дар бозӣ бо Тоҷикистонро надошт.
Тоҷикистон дар ҳарду бозӣ аз Сурия шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои дарёфти роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 маҳрум шуд. Агар ФИФА қазияро ба нафъи Тоҷикистон ҳалл кунад, натиҷаи бозӣ дар варзишгоҳи Турсунзода 3:0 ба фоидаи Тоҷикистон ҳукм хоҳад шуд ва ин кишвар Сурияро дар марҳалаи севвуми мусобиқот дар гурӯҳи С иваз карда, муборизаро барои роҳхати Ҷоми ҷаҳонӣ бо тимҳои Ҷопону Кореяи шимолӣ ва Узбакистон идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG