Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ содироти фулузоти гаронбаҳоро 2 маротиба бештар карда, аз ин ҳисоб ҳудуди 30 миллион доллар ба даст овардааст. Дар айни давраи соли 2010 ҷамъи фурӯшоти фулузоти гаронбаҳои ин кишвар 15,7 миллион доллар буд.
Хабаргузории «Авасто» бо такя ба омори вазорати иқтисод хабар дод, ки тайи 6 моҳи аввал аз конҳои тилои Тоҷикистон 920 кило тило гирифтаанд, вале интизор меравад, истихроҷи тило то поёни сол ба 3 тонна бирасад. Феълан дар Тоҷикистон 8 ширкати тилошӯӣ бо ширкати сармояи хориҷӣ фаъолият доранд. Далели афзоиши содироти фулузоти гаронбаҳо ба таври бесобиқа боло рафтани нархи тило ва соъири фулузоти гаронбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG