Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА хостори озодии фаврии ҳомии ҳуқуқ дар Беларус шуд


Иёлоти Муттаҳида ба озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсони Беларус Алес Бялятски даъват кард. Номбурда раиси созмони ҳуқуқи башари “Весна” бо иттиҳоми надодани молиёт боздошт шудааст, аммо нозирон мегӯянд, ҳабси ӯ, ки аз нақзи ҳуқуқ дар кишвар ҳамарӯза хабар мунташир мекард, ангезаи сиёсӣ дорад. Созмони амният ва ҳамкории аврупо, раиси Порлумони Аврупо ва Кумиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон низ аз ҳабси Бялятски изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG