Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни силсиласафраш ба минтақаҳои кишвар, имрӯз аз Қӯрғонтеппа, пойтахти вилояти Хатлон дидан мекунад. Вай қарор аст дар маросими кушоиши литсейи президентии кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Бохтар, бозори байналмилалӣ, кӯдакистони хусусӣ, осорхона ва китобхонаи вилоятӣ, меҳмонхонаи 5-ситора ва бинои нави дабистоне дар Қӯрғонтеппа ширкат варзида, хишти аввали пойдевори бинои 15-ошёна ва мактаби навро бигузорад. Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, гуфт, бозори мазкур беш аз 10 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард. Бисёре аз иншоот ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мешаванд ва мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, барои сохтмони иншооти ҷашнӣ 28 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст, ки наздки ба ними он ба ободонии ноҳияи Данғара, зодгоҳи президент сарф хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG