Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Сурия боз 30 нафари дигарро куштанд


Нерӯҳои Сурия дар шабехуне ба минтақаҳои ҳаммарзи Туркия 30 нафарро куштанд ва эътирози Туркияро аз саркӯбии мухолифони ражими Башор Асад бештар карданд. Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Давлатоғлу дар дидори дусоатат бо Асад паёми давлати худро расонд, ки ба қатъи хунрезӣ дар Сурия даъват мекунад. Вале, бино ба хабарҳо, Асад гуфтааст, ба гурӯҳҳои террорист раҳм нахоҳад кард. Нооромиҳо дар Сурия панҷ моҳ ба ин сӯ идома дошта, дар онҳо наздик ба 2000 нафар кушта шудаанд. Кишварҳои арабӣ низ авзоъ дар Сурияро маҳкум карданд ва сафирони худро аз Димишқ фаро хонданд.
XS
SM
MD
LG