Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шохисҳои бозори бурси Амрико пас аз як рӯзи коҳиш дубора ба марҳилаи афзоиш ворид шуданд. Шохисҳои Доу Ҷонс ва S&P 500 1,2 дардса ва шохиси Насдак 1,5 дарсад боло рафтанд. Бозорҳои Аврупо низ дар оғоз рушд карданд, аммо сипас аз нав ба коҳиш рӯбарӯ шуданд. Нооромӣ дар бозори саҳом баъд аз он сар шуд, ки ширкати Standard & Poor's шохиси эътимод ба Амрикоро як зина поин бурд ва дар айни замон хатаре дида мешуд, ки бӯҳрони минтақаи евро ба Италияву Испания паҳн шуда пасрафти ҷаҳониро ба вуҷуд меорад. Бонки марказии Аврупо аз рӯзи душанбе ба ин сӯ миллиардҳо доллар қарзи Италия ва Испанияро харид, аммо аз кишварҳои Аврупо хост, касри буҷаро кам ва соҳаи молияи худро ба эътидол оранд.
XS
SM
MD
LG