Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ва Алиев масъалаи Қарабоғро баррасӣ карданд


Алиев ва Медведев дар Сочӣ
Алиев ва Медведев дар Сочӣ
Имрӯз Дмитрий Медведев ва Илҳом Алиев-руасои ҷамоҳири Русияву Озарбойҷон дар шаҳри Сочӣ дар осишгоҳи Русия бо ҳам дидор доштанд. Мавзӯи аслии гуфтугӯи онҳо вазъ дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ буд, ки дар он аслан арманитаборон ба сар мебаранд ва замоне хоки Озарбойҷон ба шумор мерафт. Ин қаламрав пас аз ҷангҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистон дар солҳои 1990 аз контроли Озарбойҷон хориҷ шуд. Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон барои миёнҷигарӣ дар ҳали ин бӯҳрон изҳори сипос кард ва гуфт:

“Ман мехоҳам бори дигар ба шумо барои миёнҷигарӣ дар ҳали муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ изҳори ташаккур кунам. Мо ба ширкати шахсии шумо дар ин раванд эҳтироми зиёд қоилем”.

Русияву Фаронса ва Амрико ҳамраиси Гурӯҳи Минск мебошанд, ки САҲА барои миёнҷигарӣ дар сулҳи Арманистону Озарбойҷон ташкил кардааст.
XS
SM
MD
LG