Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО мегӯяд, нишонаҳои куштори сокинон дида намешавад


Нируҳои НАТО имрӯз гуфтанд, шаби гузашта ҳамлаҳои ҳавоӣ дар наздикии шаҳри Злитен дар ғарби Либия “қонунӣ” будааст ва ҳеҷ нишонае аз шикояти Троблус, ки дар ин ҳамлаҳо гӯё 85 нафар рустоиён кушта шудаанд, дида намешавад. Сарҳанг Роланд Лавоӣ дар як нишасти хабарии видеоӣ дар қароргоҳи Неплз гуфт, ки ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО дар ҷануби Злитен бар зидди “ҳадафҳои қонунӣ” будааст. Ин ҳадафҳо ширкатҳои собиқе будаанд, ки низомиёни вафодор ба режими Қаззофӣ барои ҳадафҳои низомӣ истифода мешудаанд. Лавоӣ гуфт, нируҳои НАТО аз эҳтиёти зиёд кор мегиранд, то сокинони бегуноҳе, ки дар атроф иқомат мекунанд, осеб набинанд.
XS
SM
MD
LG