Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди талоши раҳбарони ҷаҳонӣ ҷиҳати итминони хотир додани сармоягузорони ба воҳимаафтода, талотум дар бозорҳои бурс фӯру нанишаст ва шохисҳои иқтисодӣ ва қимати саҳом дар онҳо ҳамчунон арзиши худро аз даст медиҳанд.

Шояд дар ин миён баъзеҳо бигӯянд, ки талотум дар бозорҳои бурси ҷаҳон ба Тоҷикистон асаре нахоҳад гузошт, зеро бозорҳои бурси ноошно куҷову Тоҷикистон кӯчак, дар як гӯшаи дур аз Аврупову Амрико куҷо?

Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, чунин андеша хатост ва дар
Коҳиши
талабот ба алюминий
ва пахта эҳтимоли
бекор мондани коргарони корхонаи алюминий, коргарони бонкҳо ва кишоварзони машғул
ба пахтапарварӣ ва соҳаҳои дигарро ба
вуҷуд меорад...

замонҳои бӯҳронӣ ин кишварҳои камбизоат ҳастанд, ки пуле барои кӯмак ба соҳибкорон надоранд ва бештар аз дигарон зиён мебинанд. Дар робита ба ҳамин масъала ва таъсироти эҳтимолии амиқрафти бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, сӯҳбате доштем бо Нозим Эшонқулов, таҳлилгари Маркази бозори озоди Тоҷикистон ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон барои Тоҷикистон чӣ паёмадҳои баде хоҳад дошт.

Ҷавоб: Бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон ба таври ғайримустақим ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт. Яъне сармоягузорон дар бозорҳои бурс эҳсос мекунанд, ки вазъи иқтисодӣ бадтар мешавад ва бояд дороиҳои худро берун кашид ва ба ҷойҳои боэътимоде гузошт. Аз ин рӯ фаъолияти соҳибкорон дар кишварҳо ба мисли Ҷопон ва Чин, кишварҳои Аврупо, Осиё ва ҳамаҷо суст шуда ва тақозои онҳо ба молҳои содиротии Тоҷикистон, асосан пахта ва алюминий кам мешавад. Дар ин сурат, даромади кишвар аз содирот коҳиш ёфта ва мо асъори хориҷии камтар ба даст меорем. Яъне бонкҳои Тоҷикистон ҳаҷми сармояеро, ки интизор доштанд, дарёфт намекунанд. Масалан Талко, ки алюминий мефӯрушад ва муассисаҳои кишоварзӣ зиёни молӣ мебинанд ва наметавонанд, қарзи бонкҳоро баргардонанд. Дар ин ҳол бонкҳо зиён мебинанд ва ин мисли ҳалқаи занҷире мешавад, бонкҳо қарзи камтар медиҳанд, қарзгирӣ ҳам гаронтар мешавад ва дар ниҳоят қарздиҳӣ барои фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон бисёр коҳиш меёбад, ки ин дар навбати худ паёмадҳои бадтар дорад, яъне суст шудани фаъолияти соҳибкорӣ, бадтар шудани фазои он ва афзудани бекорӣ.

Суол: Метавон гуфт, ки ин бӯҳрон дар вақти бисёр баде барои бонкҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад, зеро бино ба баъзе оморҳо, чанде аз бонкҳои кишвар дар пас гирифтани қарзҳояшон мушкил доранд?

Ҷавоб: Дар сурати идома, бӯҳрон ба вазъи молии тамоми бонкҳои ватанӣ таъсири баде хоҳад гузошт. Барнагардонидани қарзҳои бонкҳо, сабаби зиён дидани онҳо мешавад ва бонке, ки зарари молӣ мебинад, наметавонад ба кормандони худ маош диҳанд, фоидаи сармоягузоронашонро бипардозанд ва қарзҳои нав диҳад. Ин вазъ на танҳо вазъи банкҳо, балки дар маҷмӯъ вазъи молии тамоми кишварро бад мекунад. Бинобар кам шудани даромад аз содирот, асъори хориҷӣ дар кишвар кам мешавад ва таваррум боло меравад. Мардум ба воҳима меафтанд ва худро ба бонкҳо мезананд, то пулу амонатҳои гузоштаи худро бигиранд ва асъори арзишманде нисбат ба сомонӣ ба мисли доллару евро бихаранд. Дар ин ҳол қимати доллар ва евро ва дигар асъори хориҷӣ башиддат боло меравад.

Суол: Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ҳам аз ин бӯҳрони молӣ канор намондааст ва шохисҳои бозорҳои бурси он низ арзиши худро аз даст медиҳанд. Зиёни ин тамоюл барои Тоҷикистонро шарҳ медодед.

Ҷавоб: Аввал ин, ки аз ҳоло хуруҷи сармоя аз Русия мушоҳида мешавад ва дуввум нархи нафт ҳам поин меояд. Мо шоҳиди коҳиши якбораи қимати нафт шудем ва тавре ба ман маълум аст, танҳо дар тӯли ҳафтаи гузашта қимати нафт аз 100 то ба 85 доллар поин омад. Қимати нафт барои рубли Русия бисёр муҳим аст, чун нархи нафт, ки поин омад, рубл низ арзиши худро аз даст медиҳад, зеро нафт яке аз манбаъҳои аслии даромади Русия аст. Бо коҳиши арзиши пули русӣ, майли сармоягузорон ба он кам мешавад ва онҳо сармояҳои худро аз Русия берун мекашанд. Бо назардошти ин фирори сармояи хориҷӣ, бонкҳои Русия заъиф мешаванд ва барои арсаи сохтмон қарз намедиҳанд ва ё қарзи кам медиҳанд. Яъне тарҳҳои сохтмони қатъ ва ё тарҳҳои ҷории он дар Русия мутаваққиф мешаванд ва ин боиси бекор мондани муҳоҷирони кории тоҷик мешавад, ки бештар аз 90 дарсади онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд. Аз ин рӯ, интиқоли кӯмакпулиҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад ва ин ҳам ба иқтисоди ватанӣ таъсири бад мегузорад.

Суол: Дар маҷмӯъ метавонем, бигӯем, ки дар сурати идомаи бӯҳрони иқтисодӣ, теъдоди мардуми камбизоат дар Тоҷикистон бештар мешавад?

Ҷавоб: Бидуни шак. Тавре гуфтем, коҳиши талабот ба алюминий ва пахта эҳтимоли бекор мондани коргарони корхонаи алюминий, коргарони бонкҳо ва кишоварзони машғул ба пахтапарварӣ ва соҳаҳои дигарро ба вуҷуд меорад. Дар маҷмӯъ фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар суст мешавад, бекорӣ меафзояд ва афзоиши бекорӣ маънии афзоиши камбизоатиро дорад. Муҳимтар аз ҳама, кӯмакпулиҳои муҳоҷирон кам мешавад, ки ҳамин кӯмакпулиҳо ягона манбаъи даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Коҳиши ин даромадҳо ва бад шудани вазъи иқтисодӣ, сабаби на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки мушкилоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG