Пайвандҳои дастрасӣ

Дар баъзе гӯшаҳои дунё зиндонӣ шудани як довталаби курсии раёсатиҷумҳурӣ, ба марг баробар аст.

Аммо на дар Украина ва на барои раҳбари мухолифин ин кишвар Юлия Тимошенко, ки 5-уми август бо иттиҳоми халадор кардани ҷараёни додгоҳ дар паси панҷара нишаст.

ОҒОЗИ БОЗ ЯК БАРХОСТ

Бисёре аз таҳлилгарон бовар доранд, ки Тимошенко метавонад як маъракаи олиҷаноби омодагӣ ба интихоботро маҳз аз паси миллаҳои

зиндон шурӯъ кунад. Русия низ ба ҳар навъ аломат додааст, ки аз Тимошенко пуштибонӣ мекунад ва мақомоти Кремлин гуфтаанд, ки ин боздошт “авоқиби тӯлонӣ ва мондагор хоҳад дошт”

Тимошенко дар авҷи мурофиаи додгоҳӣ, бо иттиҳоми созиши ғайриқонунии хиридории газ бо «Газпром”-и Русия боздошт шуд. Созиши мавриди даъво соли 2009 дар даври дуюми нахуствазирии Тимошенко имзо шудааст. Президент Янукович Тимошенкоро ба қонуншиканӣ муттаҳам карда мегӯяд, ки нахуствазири собиқ созиш бо Русияро бидуни иҷозаи ниҳоии парлумон амалӣ кард.



Аммо Тимошенко ва ҷонибдорони ӯ мегӯянд, созиш бо “Газпром” қонунӣ буд. Ба гуфтаи онҳо, ҳам мурофиаи додгоҳӣ ва ҳам боздошт кӯшиши батамом аз саҳна дур кардани рақиби сиёсӣ аст. Соли гузашта дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳур Янукович бо дарсади каме бештар аз Тимошенко дар интихобот баранда шуд. Аммо собиқ нахуствазир ҳанӯз ҳам яке аз чеҳраҳои маъруф ва ҷаззоби саҳнаи сиёсии Украина боқӣ мондааст.

Созиши Украина бо “Газпром” ба баҳси тунди ту тараф хотима гузошт, аммо пардохти Украинаро барои гази Русия ду баробар афзун кард. Вазорати хориҷии Русия бо ҳимоят аз созиши газ навиштааст, ки қарордод“комилан дар чаҳорчӯби қонун” сурат гирифт.

ҚАЗИЯИ СИЁСӢ?

Раҳбари мухолифини Русия Борис Немцов, ки авохири солҳои 1990 ба сифати ноиби
Борис Немцов

нахуствазир қарордодҳои энержиро назорат мекард, мегӯяд, мутмаин аст, ки қазия маншаъи сиёсӣ дорад. Бо нуқта гузоштан дар баҳси газ бо Русия, Тимошенко эътибори сиёсӣ ба даст овард ва ҳамчунин Русияро розӣ кард, ки қимати газро то интихоботи соли 2010 боло набарад.

Немцов мегӯяд, ки созиш иллате надорад, аммо меафзояд тарафи дигари созиш Владимир Путин буд ва ин мавзӯъро қобили дарк мекунад: “Путин масъулона дарк мекунад, ки агар онҳо Тимошенкоро дар заминаи ин созиш зиндонӣ кунанд, пас аҷабе нест, ки дер ё зуд ӯро низ бо ҳамин ба додгоҳ бикашанд. Аммо ман гумон намекунад, ки Тимошенко ё Путин дар ин масъала ҷиноят содир карда бошанд.”

МАҲКУМИЯТИ БОЗДОШТИ ТИМОШЕНКО

Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарду боздошти Тимошенкоро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ин амал садоқати Украина ба волоияти қонунро зери суол мебарад.

Юлия Тимошенко дар заминаи шикояти додситон бо иттиҳоми халадор кардани ҷаласаи додгоҳ боздошт шуд. Ҳамсари ӯ Александр гуфтааст, ки Тимошенко дар маҳбас аз ҳамсоягӣ бо як хонуми сигорӣ дар азият аст.



Тимошенкои ороставу пероста, ки бо меллаи мӯи даври сар маъруф аст, мурофиаи додгоҳии худро “говсуд” ва истодан дар рӯ ба рӯи додгустарро баробар ба “зону задан дар пешорӯи мафия” медонад. Дар ҳоле, ки собиқ нахуствазир боз як шаберо дар маҳбас сипарӣ мекунад, ҷонибдоронаш дар назди бинои додгоҳ ва хаймаҳо, озодии ӯро талаб мекунанд.

НИШЕБУ ФАРОЗҲОИ ТИМОШЕНКО ДАР СИЁСАТ

Юлия Тимошенко қабл аз шомил шудан ба ҳукумати Украина аз соҳбкорони муваффақи ин кишвар буд. Аммо аммо дар гузашта низ борҳо бо иллатҳои сиёсӣ боздошт шудааст.

Борис Немцов мегӯяд, талоши Янукович барои комилан аз саҳна берун кардани Тимошенко иштибоҳест, ки норозигии саросариро ба думбол хоҳад дошт: “Бори аввал нест, ки ӯро зиндонӣ мекунанд. Аммо ман ёд надорам, ки мардум боре ҳам Тимошенкои зиндониро аз ёд бурда бошанд. Баръакс, ӯ ҳар бор мисли мурғи самандар дубора аз хокистар баланд шудааст. Бо ин ҳама

равишҳои ғайриқонунӣ, Янукович ӯро ба як раҳбари бидуни қайду шарти мардуми Украина табдил медиҳад. Ҳатто онҳое, ки ӯро дӯст намедоранд, ҳудудан ними мардуми Украина, дилашон ба ҳоли Тимошенко месӯзад.”

ПУШТИБОНИИ МАСКАВ

Пуштибонии Маскав аз Тимошенко метавонад ишорае бошад, ки Кремлин аз Янукович, - аз ин номзади маҳбуб дар интихоботи соли 2004, ки баъдан кишварро ба инқилоби норинҷӣ бурд ва ӯ танҳо соли гузашта ба курсии раёсат нишаст, дилсард шудааст.

Янукович ба таври суннатӣ сиёсатмадори русгаро ва мухолифи
Ғарб баррасӣ мешавад. Аммо бинобар дур нигаҳ доштани чанд лӯлаи энержӣ аз назорати Маскав, норозигии Кремлинро ба бор овард ва маҳбубияташ низ башаст коҳиш ёфт. Бисёриҳо мегӯянд, бо изҳори пуштибонӣ аз Тимошенко, Кремлин раҷиши худро аз Янукович ба намоиш мегузорад.

Таҳлилгари Бунёди Корнегӣ Маша Липман мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ Маскав аз ҳоло ба интихоботи соли 2012 дар Украина омодагӣ мебинад ва бо ин ҳадаф заминаҳои созиш бо Тимошенкоро ламс мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG