Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ бори дигар поин рафт


Бо вуҷуди талошҳои Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва соири раҳбарони ҷаҳон барои мутмаин сохтани сармоягузорон нархи саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ бори дигар поин рафт. Дар нимаи аввали рӯз дар бозорҳои аслии Аврупо нархи саҳом боло рафт ва тақрибан ба нархи пешини худ баробар шуд. Суқути нархи саҳом дар бозорҳо баъд аз нигарониҳо аз бӯҳрони қарз дар қаламрави истифодаи евро пеш омад, зеро нигарониҳо вуҷуд дошт, ки бӯҳрон дар Италияву Испания низ доман мегустарад. Жан Клод Трише-раиси Бонки Марказии Аврупо низ имрӯз гуфт, ин бонк авроқи баҳодорро ба таври фаъол аз Италияву Испания харидорӣ мекунад ва ин корро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG