Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Ҷӯраева: "Айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашуд"


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии нашрияи "Нури зиндагӣ" дар Ашт, ки нӯҳ моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии нашрияи "Нури зиндагӣ" дар Ашт, ки нӯҳ моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Вакили мудофеи хабарнигори "Нури зиндагӣ" мегӯяд, ки айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашудааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии "Нури зиндагӣ" дар ноҳияи Ашт, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқири мансабдорони ноҳия аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Муҳаммадюсуф Исмоилови 51-сола, ба гуфтаи вакили дифоаш, чанд маротиба аз сар ва қафаси синааш ҷарроҳӣ шуда, тибқи санади расмӣ, маъюби дараҷаи сеюм будааст...


Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, дар ҷараёни тафтиши парванда аз охири соли гузашта то кунун айбҳои эълоншуда дар муқобили нафари таҳти ҳимояаш, яъне "тамаъҷӯӣ" ва "маҳалгароӣ" исботи худро наёфтааст.

Хонум Ҷӯраева афзуд: "Азбаски ҳеҷ як аз иттиҳомоти бар зидди Исмоилов тасдиқ нашуд, бо дархости мо барои ташхиси забонии мақолаҳои вай парванда ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фиристода шуд. То ҳол ташхис анҷом наёфта, парванда баргардонида нашудааст."

Хонум Ҷӯраева афзуд, зерҳимояаш дар пайи фаъолияти касбӣ ва нашри мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти мақомоти аввали ноҳияи Ашт бо тақозои гурӯҳе аз мансабдорони ҳукумати ноҳияи Ашт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

ИСМОИЛОВ ЧӢ ГУНА "ТАМАЪҶӮӢ" КАРД?

Ба ақидаи вакили дифои Исмоилов, иттиҳоми "тамаъҷӯӣ", ки то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, алайҳи зерҳимояаш таҳмилӣ будааст: "Ба Исмоилов аз рӯи банди "тамаъҷӯӣ" тӯҳмат карда истодаанд. Зерҳимояам соли 2009 хона месозад ва аз як ҷиянаш чанд дона тахта мегирад. Он ҷиянаш дар ҳукумати маҳаллӣ кор мекардааст ва кормандони ҳукумат таҳти фишор ӯро маҷбур кардаанд, то даъво кунад, ки Муҳаммадюсуф он масолеҳро аз вай бо роҳи "тамаъҷӯӣ" гирифта буд."

ОЁ ИСМОИЛОВ МАҲАЛГАРОӢ КАРДААСТ?

Хонум Ҷӯраева дар мавриди иттиҳоми «маҳалгароӣ» алайҳи рӯзноманигори нашрияи «Нури зиндагӣ» гуфт, Исмоилов дар як мақолааш навиштааст, ки гурӯҳе аз ҷавонони Хуҷанд ҳудуди 160 ҳектор заминҳои ҳосилхези ноҳияи Аштро аз худ карданд, дар ҳоле ки ҳазорон ҷавони ин маҳал аз бекорӣ ва нодорӣ барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Ин нуктаро додситонии Ашт чун барангехтани маҳалгароӣ маънидод кардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилови 51-сола ва ба гуфтаи вакили дифоаш, чанд маротиба аз сар ва қафаси синааш ҷарроҳӣ шуда, тибқи санади расмӣ, маълули дараҷаи сеюм аст. Хонум Ҷӯраева мегӯяд, тибқи пешнависи Қонуни нав дар бораи афв, маъюбони дараҷаи 3 низ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

ҚАРШИБОЕВ: "ИСМОИЛОВ ОЗОД ШАВАД"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷуман миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд: "Ман бар онам, ки ҳатто дар сурати нисбат ба Исмоилов татбиқ нашудани қонуни афв низ додгоҳ бояд тамоми ҷиҳатҳову омилҳои ин қазияро дар назар гирифта, ӯро аз толори додгоҳ озод кунад. Чунки он иттиҳомоте, ки алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ҷониби додситонии ноҳияи Ашт пешниҳод шудааст, тавре вакилони мудофеи вай ба ин натиҷа расидаанд, устувор нестанд ва таркиби ҷиноят дар аъмоли вай вуҷуд надорад."

Вале тӯли як моҳ парвандаи хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» аз Душанбе, аз институти забон ва адабиёти Паҳуҳишгоҳи улуми Тоҷикистон барнагаштааст.

ПАРВАНДАИ ПУРСАРУ САДО

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба думбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва НАНСМИТ, иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигорро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номиданд ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG