Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир рухсатиро канор гузошт ва ба Лондон баргашт


Девид Камерон
Девид Камерон
Девид Камерон-нахуствазири Британия ба нақша гирифтааст, ки имрӯз раёсати ҷаласаи кумиссиюни ҳукуматии кишварашро баъд аз хушунатҳои хиёбонӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар раҳбарӣ кунад. Дар давоми чанд даҳсола чунин беназмиҳои хиёбонӣ дар Бритнаия мушоҳида нашуда буд. Мақомот мегӯянд, Камерон рухсатии худро канор гузошт ва аз Италия ба Лондон баргашт, то барои пешгирӣ аз дуздиву оташзанӣ, ки чаҳор шаҳри Британия Лондону Бирмингам ва Бристолу Ливерпулро фаро гирифтааст, тадбирҳо андешанд. Полис мегӯяд, онҳо дар Лондон беш аз 330 нафар ва дар Бирмингам тақрибан 100 нафарро боздошт кардаанд. Ба Лондон 1 700 нируи изофӣ сафарбар кардаанд, то аз аз беназмиҳо пешгирӣ кунанд. Бино ба гузоришҳо, тазоҳуркунандагон аз коҳиши маблағҳо барои масорифи иҷтимоӣ ва рушди заифи иқтисодӣ розӣ нестанд. Беназмӣ се рӯз пеш баъд аз кушта шудани як нафар дар тирандозии полис дар Лондон оғоз шуд.
XS
SM
MD
LG