Пайвандҳои дастрасӣ

Аёз Муталибов барои дафни писараш ба Ватан баргашт


Аёз Муталибов

Аёз Муталибов

Аёз Муталибов-нахустин раиси ҷумҳури Озарбойҷон баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ баъд аз 19 соли ғурбат ба Боку баргашт. Ораз Ализода-ҳамраиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Озарбойҷон, ки раиси дигари он Муталибов мебошад, хабар дод, ки Муталибов рӯзи душанбе ба Боку баргаштааст ва мақомти расмӣ иҷоза додаанд, ки дар маросими дафни писараш ширкат кунад. Писари вай Озод рӯзи душанбе дар синни 49 солагӣ аз бемории саратон даргузашт. Муталибов 73 сол дорад ва солҳои 1990-92 раиси ҷумҳури Озарбойҷон буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG