Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суботи нисбии бозори саҳом баргашт


Имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ то андозае субот мушоҳида мешавад, вале асабоният ҳамчунон боқӣ мондааст, зеро Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо талош доранд аз бӯҳрони қарзи худ пешгирӣ кунанд. Нархи саҳмияҳо дар бозори саҳоми Аврупо ба шиддат боло рафт ва то поёни тиҷорат дар бозорҳои Осиё дубора ба арзиши пешини худ баробар шуд. Рӯзи душанбе суқути нархи саҳом нигарониҳоеро ба бор овард, ки Вошингтон контрол бар афзоиши касри будҷаро аз даст додааст ва барқарории иқтисоди Амрико ба дарозо мекашад. Вале Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико сармоягузоронро мутмаин сохт, ки нигарон набошанд. Жан Клод Трише-раиси Бонки Марказии Аврупо низ имрӯз гуфт, ин бонк авроқи баҳодорро ба таври фаъол аз Италияву Испания харидорӣ мекунад ва ин корро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG