Пайвандҳои дастрасӣ

Нағзибеков дар бозиҳои Осиё дуввумин пирӯзӣ ба даст овард


Дар бозиҳои қаҳрамонии Осиё оид ба муштзанӣ Мададӣ Нағзибеков-муштзани тоҷик дуввумин пирӯзӣ ба даст овард. Ин мусобиқоти қаҳрамонӣ дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ идома дорад. 8 август муштзани тоҷик бар Бҳавган Ҷай-муштзани Ҳиндустон пирӯз шуд. Дар ин мусобиқот аз Тоҷикистон 3 нафари дигар ширкат доранд. Ду нафари онҳо дар даври аввал бозиро бохтанд. Ба ҷуз аз Мададӣ, Анвар Юнусов низ дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард. Аммо Ҷаҳон Қурбонов-муштзани номдори тоҷик бозиро ба як муштзани урдунӣ бохт.
XS
SM
MD
LG