Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хост, ки боздошти Тимошенко бозбинӣ шавад


Тимошенко дар додгоҳ
Тимошенко дар додгоҳ
Амрико бори дигар аз мақомоти расмии Украина даъват кардааст, ки дар боздошти Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар бозбинӣ сурат бигирад ва ба таври фаврӣ раҳоии вай аз зиндон баррасӣ шавад. Марк Тонер-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, боздошти Тимошенко “суолҳоеро дар бораи эътибори қонун дар Украина пеш меорад”:

“Амрико бори дигар нигаронии худро аз боздошти рӯзи ҷумъаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина изҳор медорад, нигароние, ки дар сатҳи байналмиллалӣ низ садо додааст”.

Изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе қозии додгоҳ нахост Тимошенкоро аз зиндони полис раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG