Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори "Нури зиндагӣ" дар Суғд афв мешавад


Муҳаммадюсуф Исмоилов

Муҳаммадюсуф Исмоилов

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов- хабарнигори зиндонии нашрияи «Нури зиндагӣ» мегӯяд, зерҳимояаш корношоями дараҷаи 3 аст ва мавриди афв қарор хоҳад гирифт. Исмоилов аз сар ва қафаси сина ҷарроҳӣ шуда, тибқи санади расмӣ маълули дараҷаи 3 дониста мешавад. Тибқи пешнависи нави Қонун дар бораи афв маълулон ё инвалидони дараҷаи 3 низ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Бо вуҷуди ин ҳоло мақолаҳои Исмоиов барои ташхиси забонӣ ба Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шудааст. Ба гуфтаи Ҷӯраева, дар ҷараёни тафтиши парванда то ҳол иттиҳомоти асосии зидди Исмоилов «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исбот нашудааст. Исмоилов охири соли гузашта боздошт шуд ва акнун ҳудуди 9 моҳ дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG