Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳеҷ касе хунрезиҳо дар Сурияро таҳаммул карда наметавонад"


Кувейту Баҳрайн бо нишони эътироз аз саркӯбии тазоҳуркунандагон дар Сурия, сафирони худро фаро хондаанд.

Вазири умури хориҷии Кувейт, Шайх Муҳаммад Солим Ас-Сабоҳ, рӯзи душанбе гуфт, ки сафири кишвараш дар Сурияро барои машварат хостааст ва афзуд, ҳеҷ касе хунрезиҳо дар Сурияро таҳаммул карда наметавонад. Вазири умури хориҷии Баҳрайн низ баёнияи ҳаммонанд интишор намудааст.

Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе, ҳафтуми август, сафираш дар Сурияро ба Риёз фаро хонд ва истифода аз нерӯ дар муқобили тазоҳуркунандагонро накӯҳиш кард.

Тазоҳкуркунандагоне, ки аз панҷ моҳ ба ин тараф бар алайҳи ҳукумати Башшор Асад эътироз мекунанд. Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар як эъломия, ки дар телевизионҳои ҷаҳон мунташир шуд гуфт, ки хушунатҳо ғайри қобили қабул аст.

"Он чӣ дар Сурия рух медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Мақомҳои Сурия метавонанд ислоҳоти сареъ ва фарогир эъмол кунанд. Ояндаи давлати Сурия дар як дуроҳӣ қарор дорад. Ё ин ки бо иродаи худ ҳикмат ва хирадро пеша кунад ва ё дар жарфнои ошӯб ва нобудӣ гум шавад",-афзуд ӯ.


Рӯзи якшанбе Иттиҳодияи Араб низ дар баёнияе хостори таваққуфи хунрезиҳои рӯ ба афзоиш дар Сурия шуд. Ин иттиҳодия низ аз давлати Сурия дархост кард, хушанат алайҳи ғайринизомиёнро поён диҳад. Кишварҳои арабӣ бо вуҷуди он ки дар муқобила бо Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба Ғарб пайвастанд, аммо дар хусуси Сурия, ҷониби эҳтиётро пеш гирифтаанд.

Туркия, ки яке аз қудратҳои минтақаӣ аст, аз чанд моҳ пеш эътирози худро ба саркӯбҳо дар Сурия баён кард. Қарор аст, ки вазири хориҷии Туркия имрӯз ба Димишқ биравад.

Бино ба гузориши хабаргузории Рейтерз, вазири умури хориҷии Туркия ҳомили паёми Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири ин кишвар ва мақомҳои амрикоӣ ба мақомҳои суриягӣ аст, ки аз онҳо мехоҳад артишро ба пойгоҳҳои худ боз гардонанд.

Телевизиони давлатии Сурия дирӯз гузориш дод, ки Башшор Асад шахси ҷадидеро ба ҷои генерал Алӣ Ҳабиб, вазири дифои кишвараш таъйин намудаст. Генерал Довуд Раҷҳа ба ҳайси вазири дифои ҷадиди он кишвар муқаррар шудааст.

Ин иқдом қабл аз дидори вазири хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлу аз Сурия сурат мегирад.Танишҳо дар ин авохир байни ду кишвари ҳамсоя афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, аз оғози тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Сурия дар моҳи марти соли ҷорӣ, то ба ҳол ҳадди ақал 1 ҳазору 700 тан кушта шудаанд. Башшор Асад раҳбари Сурия гурӯҳҳои мусаллаҳро масъули нооромиҳое донистааст, ки садҳо ҳазор нафарро ба ҷодаҳо кашонида ва ба тазоҳуроти густурда водоштааст.
XS
SM
MD
LG