Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Булғористон ва Сербия силоҳ харидааст


Тоҷикистон дар соли 2010 аз Булғористон ва Сербия силоҳи сабук харидорӣ кардааст. Бино бар гузориши бунгоҳи сабти таслиҳоти муқаррарии Созмони Милали Муттаҳид, ки кишварҳо вазифадоранд, дар бораи хариду фурӯши силоҳ ба он иттилоъ диҳанд, Тоҷикистон аз Булғористон 120 мусалсал, 200 пулемёт, 100 силоҳи сабуки ҳамалотӣ, 200 мушакандоз ва 6 миномёти 60-милиметрӣ харидорӣ кардааст. Дар соли гузашта Тоҷикистон аз Сербия 100 мусалсал, 29 силоҳи пулемёти сабук ва 195 пулемёти вазнин харидааст.
XS
SM
MD
LG