Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар сохтмони нақби байни Тоҷикистону Покистон


Камбуди маблағ сохтмони туннели 2-километраро, ки қарор аст, Тоҷикистону Покистонро ба ҳам васл кунад, ба тавъиқ андохтааст. Ин сохтмон шаш сол пеш шурӯъ шуда, то ҳол барои он 8 миллиард рупияи покистонӣ харҷ шудааст. Нашрияҳои покистонӣ гуфтаанд, ки ширкати хориҷии нақбкан созишномаи нав ва сармоягузории бештарро тақозо кардааст, аммо тарафи Покистон ин пешниҳодро напазируфтааст ва дар натиҷа се моҳи охир корҳои нақби Ловарӣ қатъ шудаанд. Дар ибтидо барои бунёди ин нақб 18 миллиард рупияи покистонӣ тахассус дода шуда, аммо афзоиши нархи масолеҳи сохтмон ин сармояро нокофӣ гардондааст.
XS
SM
MD
LG