Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президентҳои Русия ва Озарбойҷон дар Сочӣ


Президентҳои Русия ва Озарбобйҷон, Дмитрий Медведев ва Илҳом Алиев имрӯз дар шаҳри Сочӣ дидор ва гуфтушунид хоҳанд дошт. Интизхор меравад, онҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли қазияи Қарабоғи Кӯҳиро баррасӣ кунанд. Мулоқоти сеҷонибаи Медведев ва Алиев бо ширкати раисиҷумҳури Арманистон дар моҳи июн дар Қазон бенатиҷа ба поён расида буд. Дар нишасти Сочӣ ҳамчунин қарор аст, мақоми ҳуқуқи Баҳри Каспий ё Дарёи Хазар ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Русия ва Озарбойҷон баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG