Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи Лукашенко дар Литвониё паноҳанда шуд


Чеҳраи саршиноси мухолифи давлат, журналисти беларусӣ Наталия Радзина, ки чаҳор моҳ пеш аз бими боздошт кишварашро тарк карда буд, хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Литвониё шуд. Радзина, ки сардабири торнамои “Хартия-97” буд, ба даъвати Кумитаи амнияти миллии Беларус дар охирҳои моҳи март посух надод ва нопадид гашт. Вай мегӯяд, аввал ба Ҳолланд ва аз он ҷо ба Литвониё рафтааст. Мақомоти Беларус мехостанд, Радзинаро дар робита ба тазоҳуроти пас аз пирӯзии Аляксандр Лукашенко дар интихоботи баҳсбарангези моҳи декабри гузашта ба додгоҳ кашанд.
XS
SM
MD
LG