Пайвандҳои дастрасӣ

Додрас дархости озодии Тимошенкоро рад кард


Додраси украинӣ аз озод кардани сарвазири пешини ин кишвар, Юлия Тимошенко, ки рӯзи ҷумъа бо иттиҳоми суистифода аз мансаби давлатӣ боздошт шудааст, саркашӣ кард. Додрас ду дархостро, ки яке аз тарафи Калисои православи Украина ва дигаре аз номи 200 чеҳраи саршиноси кишвар пешниҳод шуда буд, рад кард. Ҳазорон нафар аз тарафдорони Тимошенко дар Киев даст ба тазоҳурот задаанд.
XS
SM
MD
LG