Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони қирғиз шоҳроҳи Бишкекро бастанд


Наздик ба 200 мӯътариз шоҳроҳи шимолии пойтахти Қирғизистон Бишкекро масдуд карданд ва талаб намуданд, ки манозили онҳо сабти ном ва аз хадамоти коммуналӣ бархӯрдор шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, бо сарвазири кишвар Алмосбек Атамбоев мулоқот кунанд. Мӯътаризон солҳо дар манзилҳое истиқомат мекунанд, ки бе иҷозаи мақомоти давлат сохта шуда, аз об, нерӯи барқ ва газ маҳруманд.
XS
SM
MD
LG