Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар муқобили ваҳми бӯҳрони дувуми ҷаҳонӣ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар як саф бо сарони ҷаҳон талош дорад, бозори молиявиро ба эътидол орад.

Бозори пул дар Иёлоти Муттаҳида дар нахустин рӯзи пас аз кам шудани эътимод ба тавони қарзпардозии он ба коҳиши сангине рӯбарӯ шуд. Шохиси саноатии Доу Ҷонс 5,5 дарсад поин афтод, ки чунин ҳол бори аввал пас аз моҳи декабри соли 2008, айни авҷи бӯҳрони молиявӣ, ба вуқӯъ пайваст.
Ҳақиқат ин аст, ки зарур нест, ягон бунгоҳи эътимодсанҷ бароямон бигӯяд, ки ба коҳиши муитавозин ва дарозмуддати касри буҷа ниёз дорем...


Вале ин фурӯафтӣ пас аз коҳиши қимати саҳом дар бозорҳои Осиё ва Ховари Миёна ғайриинтизор набуда, балки идомаи як фароянди ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки аз эълони ширкати эътимодозмои Standard & Poor's маншаъ гирифтааст. Ин ширкат рӯзи ҷумъа гуфт, қудрати Иёлоти Муттаҳида дар пардохти вомҳояш як зина поён рафтааст. Қаблан Амрико дар баландтарин зина қарор дошт.

Чанд соат пас аз оғози тиҷорат дар бозори бурси Ню Йорк, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аҳамияти арзёбии Standard & Poor's ночиз донист ва зеру бами бозорро як ҳолати табии Амрико номид. Вай афзуд, муҳим нест, кадом ширкате чӣ гуфтааст, зеро Иёлоти Муттаҳида аз лиҳози молиявӣ дар баландтарин зина буд ва дар ҳамон зина боқӣ хоҳад монд.

Аммо Обама иқрор кард, ки коҳиши эътибори молии кишвар баёнгари он аст, ки сарони мамлакат ба намоиши “ақли солим ва мусолиҳа дар ҳалли мушкили қарз” ниёз доранд.

Вай гуфт: “Ҳақиқат ин аст, ки зарур нест, ягон бунгоҳи эътимодсанҷ бароямон бигӯяд, ки ба коҳиши муитавозин ва дарозмуддати касри буҷа ниёз дорем. Ин чиз ҳафтаи гузашта аён буд, соли гузашта низ ва ҳанӯз рӯзе ки ман ба раёсат расидам. Ва зарур нест ягон бунгоҳи эътимодсанҷ бароямон бигӯяд, ки бунбасти чанд моҳи гузашта дар Вошингтон созанда набуд, ба камияш.”

Обама инчунин гуфт, вай умедвор аст, ки қарори ширкати Standard & Poor's ба Конгресс ҳисси тозаи шитоб дар ҳалли бӯҳрони қарз ва ҷасорати тасмимҳои сахти сиёсиро дар ислоҳи молиёту барномаҳои иҷтимоӣ хоҳад дод. Вагарна, афзуд ӯ, барномаҳои мушаххас омодаи тасвибанд, фақат аҳзоби сиёсӣ бояд аз манфиатбозиҳои гурӯҳӣ даргузаранд.

Бисёре аз сармоягузорон маблағҳои худро аз бозор кашида, дар коғазҳои қиматдори ҳукуматӣ ва тило гузоштанд. Нархи як унсияи тило аз 1421 доллари аввали сол акнун ба 1700 доллар расидааст.

Чунин ҳолат дар Аврупо ҳам дида мешавад ва он ҳам дар ҳоле ки Бонки марказии Аврупо гуфтааст, бо хариди саҳоми Италия ва Испания онҳоро аз варшикастагии харобиовар наҷот хоҳад дод. Фурӯафтии шохисҳои асосии бозори бурси Аврупо низ аз 5 дарсад убур кардааст.

Воҳимаи бӯҳрони дувум дар ҳоле авҷ мегирад, ки сарони ҷаҳон талош мекунанд, сармоягузоронро ором кунанд ва ҳароси онҳоро аз байн баранд.

Дар изҳороти Гурӯҳи Ҳафт ё Ҳафтгонаи пешрафтаи саноатӣ гуфта мешавад, онҳо ба таври қатъӣ тасмим гирифтаанд, вокуниши муштарак нишон диҳанд ва бозори ҷаҳонииро мӯътадил гардонанд.

Аъзои Бистгона, яъне кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд низ дирӯз ваъда карданд, бо ҳамоҳангии тамом амал хоҳанд кард. Аксари онҳо баҳои ширкати Standard & Poor's ба вазъи Амрикоро қабул надоранд ва аз он интиқод мекунанд.

Аммо худи ширкат аз қарори худ ҳимоят кард ва гуфт, фалаҷи сиёсӣ дар Вошингтон дар мавриди коҳиши қарз ба дараҷае расид, ки ҳукумат дар ҳалли мушкили касри афзоянда ва таназзули рушди иқтисодӣ мумкин аст нотавон монад.
XS
SM
MD
LG