Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар ахбори матбуоти Туркия, додгоҳи ин кишвар ба ҳабси ҳафт генерал ва адмирал бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҳукумат дастур дод. Бо ин шумораи ҳарбиёни баландрутба, ки ба таҳияи тарҳи сарнагунии ҳукумати ҳизби исломгарои “Адолат ва тараққӣ” айбдор мешаванд, ба 22 нафар расид. Садҳо низомии дигар бо айни иттиҳом дар маҳбас ба сар мебаранд. Моҳи гузашта чаҳор фармондеҳи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ба нишони эътироз аз ҳабс ва муҷозоти афсарон аз мақоми худ истеъфо доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG