Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои бади дигар аз бозорҳои бурси ҷаҳон


Бо вуҷуди талошҳои раҳбарони ҷаҳонӣ барои итминони хотир додан ба сармоягузорон, ки аз вазъи иқтисоди Амрико ва бӯҳрони евро нигаронанд, суқути арзиши саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ идома кард. Дар Амрико, шохиси Доу Ҷонс, тақрибан 3 дар сад арзиши худро аз даст дод ва бозорҳои молии Олмон ва Фаронса ва Бритониё шоҳиди суқути 4 то 3 дар садии қимати саҳҳом шуданд. Бозори Юнон шоҳиди суқуте шуд, ки дар 14 соли ахир надидааст ва Русия ҳам аз талотум дар бозорҳо канор намонд. Вазъ дар бозорҳои молии Осиё аз ҳафтаи гузашта ба ҳамин минвол идома дорад. Бӯҳрони евро ва поин бурдани як нишондиҳандаи муҳими эътимоди иқтисодӣ ба Амрико сабаби ин талотум дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Аммо Тимотӣ Гейтнер, вазири хазонадории Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бо вуҷуди ин иқтисоди Амрико ҳамчунон қавист. Айни замон қимати тилло, ки як сармояи хуб дар замонҳои бад маҳсуб мешавад, бори аввал аз 1700 доллар барои як унсияро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG