Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО ҷузъиёти суқути чархболашро эълом кард


Паймони НАТО имрӯз гуфт, 30 сарбози амрикоӣ ва 7 сарбози афғон, ки дар суқути чархбол дар шарқи Афғонистон кушта шуданд, барои шикори як раҳбари Толибон мерафтанд. Дар баёнияи паймони мазкур омадааст, бо чархболи мазкур як раҳбари масъули амалиётҳои Толибон дар Дараи Тангӣ дар вилояти Вардакро ҷустӯҷу мекарданд. Зимни интиқоли нерӯҳои амрикоӣ ва афғон ба маҳалли ҷанги ҷангҷӯёни Толиб ва нерӯҳои байналмилалӣ, Толибон бо норинҷакандоз чархболи мазкурро ҳадаф гирифтаанд. Дигар ин ки НАТО имрӯз гуфт, як чархболи дигараш дар шарқи Афғонистон фуруди изтирорӣ анҷом додааст ва сабабҳои он пажӯҳиш мешавад.
XS
SM
MD
LG