Пайвандҳои дастрасӣ

Оташсӯзӣ дар назди хонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Баъд аз зӯҳри имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе, наздики маҳали иқомати раисиҷумҳури Тоҷикистон як хона оташ гирифта ва ба се манзили дигар хисорот ворид шудааст. Иллати сӯхтор ҳанӯз мушаххас нашудааст ва мақомот мегӯянд, ин сӯхтор масоҳати 80 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин сӯхтор талафоти ҷоние дар пай надоштааст. Ин дуввумин сӯхтор давоми имрӯз дар шаҳри Душанбе мебошад. Субҳи имрӯз гӯшае аз калонтарин бозори пойтахт -бозори «Корвон» оташ гирифт ва ҳудуди 200 метри мураббаъи он ба коми оташ рафтааст.
XS
SM
MD
LG