Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бенатиҷа барои ором кардани бозорҳои ҷаҳон?


Бо вуҷуди итминони хотир додани раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, суқути арзиши саҳҳом дар ин бозорҳо имрӯз ҳам идома кард. Бӯҳрони евро ва аз тарафи як ниҳоди байналмилалӣ поин бурдани яке аз нишондиҳандаи муҳими эътимоди иқтисодӣ ба Амрико бозорҳои ҷаҳониро ба ларза овардааст. Рӯзи гузашта Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико баҳогузории Стандарт Энд Пурро, ки ААА, нишондиҳандаи қудрати молии Иёлоти Муттаҳида дар баргардонидани қарзҳояшро поин бурд, интиқод кард ва гуфт: "Стандарт энд Пур, воқеан қазовати ваҳшатноке нишон дод ва кори худро бисёр бад иҷро кард. Онҳо ноогоҳии такондиҳанда доир ба буҷаи Амрикоро нишон доданд ва ба андешаи ман, хулосаи комилан нодуруст бароварданд." Аз сӯи дигар Бонки Марказии Аврупо гуфт, омодаи кӯмаки молӣ ба кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро аст, ки нигарониҳо аз вазъи молии Итолиё ва Испониё ду иқтисоди бузурги он ҳавза бештар мешавад. Айни замон қимати тилло дар бозорҳои ҷаҳон имрӯз аз 1700 доллар ҳам гузашт, ки як сармояи амне дар замони талотумҳои молӣ дониста мешавад. Гурӯҳи 7 ва Гурӯҳи 20, ки кишварҳои пешрафта ва иқтисодҳои бузурги ҷаҳон аъзои он гурӯҳҳо ҳастанд, бо нашри як баёния гуфтанд, ҳар кори мумкинро барои эътидол дар бозорҳои молӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG