Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварии Медведев аз ҷанги Русия бо Гурҷистон


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дар саввумин солгарди ҷанги кишвараш бо Гурҷистон аз воҳиди низомие дидан кард, ки дар ин ҷанг ширкат дошт. Дмитрий Медведев ба сарбозони ин воҳиди низомӣ аҳсан хонд, ки ба гуфтаи ӯ пеши роҳи “таҷовузгарро” гирифтанд: “Имрӯз аз замони ҳамлаи артиши Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ се сол гузашт. Дар он вақт садҳо нафар кушта шуданд ва ба ҷони ҳазорон нафар хатари марг таҳдид мекард. Пеши роҳи таҷовузгарро посдорони сулҳи Русия гирифтанд, ки дар миёни онҳо, ҳамсилоҳони шумо ҳам буданд. Дар он рӯзҳои фавқуллода ва мушкил, онҳо вазифаи худро сарбаландона иҷро карданд ва баъзеи онҳо бо фидо кардани ҷони худ.“ Ҷанги Гурҷистон бо Русия соли 2008-ум баъд аз он сар зад, ки Гурҷистон хост, Осетияи Ҷанубии ҷудоихоҳро ба итоати худ дароварад. Аммо Русия фавран нерӯҳояшро ба Осетияи Ҷанубӣ фиристод ва артиши Гурҷистонро шикаст дод ва баъди чанде Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG