Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 000 евро барои таблиғи Тоҷикистон дар Euronews


Ширкати Талко барои муаррифии Тоҷикистон аз тариқи шабакаи “Евронюс” (Euronews) қарордод бастааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои муаррифии ҳарчӣ бештари Тоҷикистон ба мардуми кишварҳои олам, ширкати давлатии Талкоро муваззаф кардааст, ки бо шабакаи маъруфи "Евронюс" барои 16 рӯз қарордод бубандад ва аз тариқи ин шабака наворҳои таблиғотӣ роҷеъ ба
Айб дар худи
мост, дар минталитети мост, дар ҷаҳонбинии мост. Дар идороти марбутаи ҳукумати мо шахсоне нишастаанд, ки қонунҳои иқтисодии моро ба таври худашон дарк мекунанд...

Тоҷикистонро пахш кунад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати давлатии Талко ба "Озодӣ" гуфт, ки ширкат ҳамчун сармоягузори ин наворҳои таблиғотӣ (видеороликҳо) ҳанӯз аз авоили моҳи август дар пайи амалӣ кардани ин тарҳ шудааст.

Барои ин як ширкати наворсозӣ (роликсозӣ)-и австрягии "Рокит медиа коммуникейшн"-ро даъват намудаанд, то ин ки наҳваи омода кардани наворҳоро нишон диҳад. Шурӯъ аз 25-уми август то 9-уми сентябри соли ҷорӣ ин наворҳо, ки ҳар кадомашон аз 30 сония иборат аст, аз тариқи шабакаи телевизионии "Евронюс" пахш карда мешавад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати Талко
"Мо мехоҳем ба аврупоиҳо нишон диҳем, ки чеҳраи Тоҷикистон чӣ гуна аст. Мо мехоҳем шароити ҷаҳонгардӣ ва табиати зебо ва захоири обию энергетикии ин кишварро нишон диҳем. Нишон додан мехоҳем, ки дар ин ҷо саноати бузург асту корхонаҳои саноатӣ фаъоланд. Албатта, шароити зиндагии ҳунармандҳо, ҳосили ҳунари косибонро намоиш хоҳем дод. Яъне ин ба сурати умум як корти муаррифӣ, яъне чеҳранамои Тоҷикистон буда, мехоҳем бигӯем, ки ин кишвар чӣ қадар зебост",-афзуд ҷаноби Сатторов.

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дар роҳи ҷалби сармоягузорӣ иқдоми Талко қобили дастгирист, вале меафзояд ӯ, муҳимтар аз ин дар идороти давлатӣ мебояд муносибат бо сармоягузори хориҷиро тағйир дод. Ба қавли ҷаноби Ҷумъаев, бо нахустин гом задани сармоягузор ба Тоҷикистон ходимони идораҳои давлат кӯшиш мекунанд, ки аз ӯ бо ҳар роҳе пул ситонанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим



Ӯ гуфт: "Талко кори хуб мекунад, аммо айб дар худи мост, дар минталитети мост, дар ҷаҳонбинии мост. Сухан дар бораи он меравад, ки дар идороти марбутаи ҳукумати мо шахсоне нишастаанд, ки қонунҳои иқтисодии моро ба таври худашон дарк мекунанд. Бисёр монеаҳои сунъии идорӣ эҷод мекунанд, ки билохира сармоягузори хориҷӣ маҷбур мешавад, ки Тоҷикистонро тарк кунад. Яке аз ин омилҳои манфӣ коррупсия мебошад. Аз хурдтарин мутахассис то бузургтарини онҳо дар идораҳо нишасти фикри онро доранд, ки аввал чӣ кор кунанд, ки аз сармоягузор пул кананд."

Бо вуҷуди ин, Давлатамурод Ҷумъаев меафзояд, пахши наворҳои таблиғотӣ аз тариқи шабакаи маъруфи "Евронюс" ба суди Тоҷикистон хоҳад буд, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳар бинанда дар Аврупо ба таври васеътар аз дороии Тоҷикистон огоҳ шавад.

Чунин маводи таблиғотӣ дар бораи дигар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ низ доимо дар барномаҳои шабакаи телевизионии Евронюс пахш мешавад. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати Талко мегӯяд, маблағи ин тарҳ беш аз 120 ҳазор евро буда ва масъалаи вақту замони пахши наворҳо низ ба эътибор гирифта шудааст.

Шабакаи телевизионии "Евронюс" бо ташаббуси Иттиҳодияи аврупоии пахши барномаҳои радиову телевизион таъсис ёфта, барномаҳои он сар аз соли 1993 бо забонҳои мухталиф пахш мешаванд. Феълан наздик ба 300 миллион сокини 150 кишвари олам имкони тамошои барномаҳои "Евронюс"-ро доранд. Дар зимн, барномаҳои телевизиони "Евронюс" ҳамзамон ба даҳ забон, аз ҷумла форсиву русӣ пахш мешаванд.
XS
SM
MD
LG