Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости раҳоии Юлия Тимошенкоро рад карданд


Додгоҳи Укроин, дархости раҳоии Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқро рад кард, ки рӯзи шанбе боздошт шуд. Ҳукми додгоҳ имрӯз дар ҳоле нашр шуд, ки ҳазорон нафар аз тарафдорони Тимошенко дар шаҳри Киев бо талаби озодии ӯ раҳпаймоӣ карданд. Додситонии Укроин, Юлия Тимошенкоро дар сӯистифода аз мақом зимни имзои созишнома дар мавриди воридоти газ аз Русия дар соли 2009 муттаҳам мекунад. Додгоҳ ҳукми боздошти ӯро барои саркашӣ аз ҳамкорӣ бо додрас ва “лӯхтаки” раиси ҷумҳур Виктор Янукович, хондани ҳамин додрас содир кард. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ин иқдом интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG