Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои ором кардани бозорҳо


Раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ талош доранд, то нигарониҳо дар бозорҳои ҷаҳониро фурӯ нишонанд, ки аз вазъи иқтисоди Амрико ва бӯҳрони евро дар изтироб афтодаанд. Бими сармоягузорон аз вазъи иқтисоди ҷаҳон афзудааст, зеро бӯҳрони молӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро амиқтар меравад ва як нишондиҳандаи муҳими эътимоди иқтисодӣ ба Амрико низ поин бурда шуд. Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико, дирӯз муассисаи нозири Стандарт энд Пур, интиқод кард, ки ААА, нишондиҳандаи барҷастаи эътимоди иқтисодӣ ба Амрикоро рӯзи ҷумъа поин бурд: "Стандарт энд Пур, қазовати ваҳшатноке нишон дод ва кори худро бисёр бад иҷро кард. Онҳо ноогоҳии такондиҳандаи худ доир ба муҳосибаи буҷаи Амрикоро нишон доданд ва ба андешаи ман, хулосаи комилан нодуруст бароварданд." Аз сӯи дигар Бонки Марказии Аврупо гуфт, омодаи кӯмаки молӣ ба кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро аст, ки нигарониҳо аз вазъи молии Итолиё ва Испониё ду иқтисоди бузурги он ҳавза бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG