Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти 4 мадрасаи исломии Суғдро боздоштанд


Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон фаъолияти 4 мадрасаи исломӣ дар вилоятро муттавақиф кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти бахши умури мазҳабии ҳукумати Суғд, фаъолияти ин муассисаҳои таълимии мазҳaбӣ ба далели ҳуҷҷатгузории нодуруст боздошта шудааст, аз ҷумла шароити мадрасаи исломии ноҳияи Аштро номувофиқ барои тадрис донистаанд. Се мадрасаи дигари муттавақифшуда дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Масчоҳ ва Ҷаббор Расулов будаанд, ки дар маҷмӯъ дар ҳамаи онҳо 200 нафар улуми динӣ меомӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG