Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз тасвиби Қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳамон Созмони Конфаронси давлатҳои исломӣ, мақараш дар Ҷидда аст, ки рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ тағйир ном кард.

Созмони ҳамкориҳои исломӣ мӯътабартарин созмони ҷаҳони ислом
Намоз яке аз 5 бинои ислом аст ва ислом намозгузорӣ дар масҷидро ҳимоят ва ташвиқ мекунад. Ислом мефармояд, ки намози худро бо ҷамоат дар масҷид гузоред, на ба танҳоӣ дар манзили худ...

аст ва дар ҳоли ҳозир 57 кишвари мусалмонии дунёро муттаҳид мекунад. Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1992 ба узвияти ин созмон пайваста, то моҳи июл раёсати давраияшр бар дӯш дошт.

Сухангӯи котиботи ин созмон дар Ҷидда мегӯяд, ки Созмони ҳамкориҳои исломӣ ин масъалаи мавриди нигарониашро бо мақомоти Тоҷикистон низ матраҳ карда, аз Душанбе пиромуни ин қазия ташреҳ хостааст.

Қонуни масъулияти волидайн, ки бо ибтикори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, баъди чанд моҳи баҳсҳои бештар намоиши пешнависаш тавассути куллия расонаҳои расмии ин кишвар тасвиб шуд, рӯзи шанбеи 6-уми август ба муҷарради нашр шуданаш ба ҳукми иҷро даромад.

Ин қонун, бахусус он бандаш, ки ҷавонони то 18-соларо аз рафтан ба масҷид манъ мекунад, мояи мавҷи интиқодҳои дар дохилу хориҷ, ба хусус дар миёни рӯҳониён шудааст.

Аммо далели ба ин масъала рӯ овардан ва изҳори нигаронӣ кардани Созмони ҳамкориҳои исломӣ чист? Ва оё ин созмон иттихози иқдомоди дигареро ҳам ба хотири расидагӣ ба ин қазия дар назар дорад? Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати Фотеҳ Окай, сухангӯи котиботи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Ҷидда.

Фотеҳ Окай: "Созмони ҳамкориҳои исломӣ ин мавзӯъро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошт ва ҷӯёи шарҳи ин қазия шуд. Ин қадами аввали мост ва мо акнун мунтазирем, ки мақомоти Тоҷикистон ба он чӣ посухе хоҳанд дод? Мо нигаронии худро гуфтем ва акнун навбати посухгӯӣ аз давлати Тоҷикистон аст. Ку бубинем, ки чӣ хоҳад шуд?"



Озодӣ: Аммо давлати Тоҷикистон бо тасвиби чунин қонун ва манъи ҷавонон аз рафтан ба масҷид оё кадоме аз муқаррароти Созмони ҳамкориҳои исломӣ ё ӯҳдадориҳоеро, ки ҳамчун узви ин созмон бар ӯҳда дорад, поймол кардааст?

Фотеҳ Окай: "Ин тасмим тасмими худи Тоҷикистон ва як тасмими дохилист. Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳаққи мудохила дар умур ва тасмимгириҳои кишварҳои узвашро надорад. Ба ин далел, мо коре карда наметавонем ва чунин салоҳият ҳам надорем. Аммо намозгузорӣ дар масҷид ва худи адои намоз аз фарзҳои дини ислом аст, на муқаррароти танҳо созмони мо. Намоз яке аз 5 бинои ислом аст ва ислом намозгузорӣ дар масҷидро ҳимоят ва ташвиқ мекунад. Ислом мефармояд, ки намози худро бо ҷамоат дар масҷид гузоред, на ба танҳоӣ дар манзили худ. Ин тасмими мақомоти тоҷик хориҷ аз меъёрҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ нест, вале бо меъёрҳои ислом рост намеояд."

Суол: Ин қазия метавонад ба равобити Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо Душанбе таъсире гузорад?

Фотеҳ Окай: "На, на! Ин ба равобити мо таъсире нахоҳад дошт. Мо бо мақомоти Тоҷикистон равобити хубе дорем ва ман мутмаинам, ки муносиботи мо дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Аммо мо умедворем, ки ҳусни тафоҳум бо созмони мо низ беҳтар шавад. Дар ҳар сурат, мо созмони мазҳабӣ нестем, ки болои кишварҳои узв рӯи фақат масоили динӣ фишор биорем. Мо як созмони дипломатием ва рӯи масоили дипломатӣ кор мекунем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG