Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ амалкардҳои Сурияро "ғайриқобилиқабул" хонд


Арабистони Саудӣ бо эътироз ба саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Сурия, сафирашро аз ин кишвар фаро хонд. Дар баёнияи ӯ, ки дар саросари кишварҳои арабӣ нашр шуд, Шоҳ Абдуллоҳ хушунат дар Сурияро “ғайриқобилиқабул” хонд. Дар идомаи баёния чунин омадааст: "Мақомоти Сурия қодиранд, ки ислоҳоти сареъ ва фарогир анҷом диҳанд. Ояндаи Сурия ба ду интихоб вобаста аст, интихоби иродаи худ ва ё фурӯ рафтан ба умқи бебандуборӣ ва талафот." Чанд соат пеш аз ин Иттиҳодияи Араб дар як баёния нахустин бор амалкардҳои давлати Сурияро маҳкум кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико аз Аҳмад Довудоғлу, ҳамтои турки худ хостааст, рӯзи сешанбе зимни сафараш ба Димишқ, ба Сурия фишор биёрад, то ба хушунатҳо хотима диҳад. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, дар ҳафтаи гузашта дар ҷараёни тазоҳуроти саркӯби тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ, бештар аз 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG