Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории як чархболи НАТО дар Афғонистон


Бо гузашти ду рӯз аз суқути маргбори як чархболи НАТО дар Афғонистон, ки 38 кушта бар ҷой гузошт, имрӯз як чархболи дигари паймон зимни фуруд дучори мушкил шудааст. Мақомоти НАТО гуфтанд, иллатҳои мушкил дар чархболро таҳқиқ мекунад, ки зоҳиран дар ҷараёни он касе осеб надидааст. Айни замон сабабҳои суқути чархболи НАТО дар вилояти Майдон Вардак пажӯҳиш мешавад, ки бар асари он 38 нафар, ба шумули 30 сарбози амрикоӣ, ҳафт афғон ва як тарҷумони онҳо кушта шуданд. Ва дигар ин ки дар тӯли ду рӯзи гузашта дар ҷангҳо дар Афғонистон дасти кам ҳафт сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон кушта шудаанд ва чаҳор нафари онҳо сарбозони фаронсавӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG