Пайвандҳои дастрасӣ

"Элегант" сӯхт. Хисоротро кӣ ҷуброн мекунад?


Бозори "Корвон" пас аз чанд лаҳзаи сӯхтор

Бозори "Корвон" пас аз чанд лаҳзаи сӯхтор

Ниҳоди сӯхторхомӯшкунӣ мегӯяд, ки оташсӯзии субҳи 8-уми август, тақрибан ба 40 дӯкони фурӯшгоҳи «Элегант»-и бозори «Корвон» хисорот ворид кардааст.

Аммо ҳудуди 10 дӯкон куллан ба коми оташ фурӯ рафтаву аз молу колои онҳо ба ҷуз хокистар чизи дигаре боқӣ намондааст.

Ба таъкиди шоҳидони айнӣ сӯхтор дар ин бозор соати 6-у 10 дақиқаи
Агар ин
тоҷирони зарардида ҳамаи ҳуҷҷатҳояшонро пешкаш кунанд,
мо метавонем аз бонкҳо талаб кунем, ки ин сӯхторро ҳамчун ҳодисаи фавқулода дониста қарзҳоро талаб накунанд...

субҳ ба амал омадааст. Бино ба қавли ин шоҳидон, мошинҳои оташнишонӣ пас аз ду соати алангаи сӯхтор ба маҳалли ҳодиса расидаанд.

Дар ду канори роҳравҳои назди фурӯшгоҳ ба чашм тӯдаи либоси занонаву мардона ва кӯдакона, пойафзол ва бозичаҳои мухталифи нимсӯхта ба чашм мерасанд.

Муҳаббат, яке аз дӯкондорон, ки молу колояш куллан ба нобудӣ рафтааст, дар ҳоле ки ашки чашмонашро базӯр нигоҳ медошт, ба «Озодӣ» гуфт, ин бори дуввум аст, ки маҳз ҳамин нуқтаи бозори «Корвон» ба коми оташ меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бори дуввум аст, ки вай дар пайи оташсузӣ зарари бузурги молӣ мебинад: «Ҳамагӣ 6 моҳи пеш аз бонк 10 ҳазор доллар қарз гирифта будам ва ҳоло онро барнагардонидаам. Чанд ҳамкорони дигарам, ки фурӯшгоҳҳояшон то охир сӯхтааст, аз бонк қарздоранд. Акнун шояд бонк хонаи ману боз чанд ҳамкорони дигарро кашида гирад. Дуввум бор аст, ки дӯконҳои ман месӯзанд. Бовар надорам, ки ин бор ҳам маълум кунанд, ки

сабаби асосии сӯхтор чӣ будааст. Мегӯянд, ки аз кондитсионерҳо шояд оташ сар шуда бошад. Бовар надорам. Чунки мо вақте меравем дар ҳамаи ҷо барқро хомӯш мекунем ва бисёр эҳтиёт мекунем."

Хонум Муҳаббат ба ин суол, ки оё ба назари ӯ ин оташсӯзӣ барқасдона аз ҷониби касе сурат гирифтааст, чунин посух дод: "Медонед, аз як чиз ҳайронам. Соли 2008 ҳам ва имсол ҳам маҳз дар моҳи август ва дар ҳамин рӯзҳо фурӯшгоҳи мо оташ гирифт. Барои ҳамин ҳам ман фикр мекунам, ки ин барқасдона ва аз рӯи нақшае сурат гирифтааст. Чунки ин фасли хеле хубу пурдараомад аст барои дӯкондорон. Чӣ қадар либосу пойафзоле, ки мо наорем аз хориҷа, ҳамааш ба савдо меравад ва даромади хуб мекунем. Ин ҷо ягон сирре ҳаст. Агар дурусттар тафтишот баранд, шояд ошкор мекунанд, вале тафтишот намебаранд."

Ҳамакнун сабаби оташсӯзӣ дар фурушгоҳи «Элегант»-и бозори Корвон тавассути комисияи махсус дар ҳоли баррасист, вале то ҳол ангезаҳо ва мизони хисороти ворида аз оташсӯзӣ маълум карда нашудааст.

Масъулони бозори Корвон дар ин бора ҳарф намезананд ва аз сӯҳбат бо мо низ худдорӣ варзиданд. Вале яке аз ёварони раиси бозори мазкур, ки худро Санифа муаррифӣ кард, гуфт: "Комиссия кор карда истодааст. Тафтишот ҷараён дорад. Мо ҳоло ҳеҷ чизро худамон ҳам намедонем. Сӯхтор аз чӣ шудааст ва ё чӣ қадар зарар овардааст, номаълум. Маълум, ки шуд, мегӯем."



Дар ҳамин ҳол, як тан аз масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, бо мусоидати мақомоти қудратӣ ва раёсати бозор аз бонкҳо тақозо карда хоҳад шуд, то дар пардохти қарзи соҳибони дӯконҳо сабукиҳо ворид созанд. Ӯ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт: "Агар ин тоҷирони зарардида ҳамаи ҳуҷҷатҳояшонро ба мо пешкаш кунанд, мо метавонем аз бонкҳо талаб кунем, ки ин сӯхторро ҳамчун ҳодисаи фавқулода дониста қарзҳоро талаб накунанд ва сабуктар кунанд. Барои мисол, ақаллан хонаҳояшонро кашида нагиранд."

Аммо дӯкондори дигаре, ки худро Шаҳрия Сафарова муаррифӣ кард, мегӯяд, вай баъид медонад, ки чунин як кӯмаке ба онҳо расонида шавад. Ба бовари ӯ дар оташсӯзии соли 2008 низ чунин ваъда дода
буданд, вале иҷро нашуд ва касе ба доди онҳо нарасид. Вай афзуд: "Мо медонему гиряву нолаамон ва сарсониву саргардониамон. Боз ҳам гиребонамон дар дасти бонкҳо меафтад ва касеро парвои мо нест."

Дар зимн, «Корвон» бузургтарин бозори молу колои шаҳри Душанбе ба шумор меравад, ки дар он садҳо нафар ба савдо машғул буда рӯзиашонро аз ин ҳисоб пайдо мекунанд. Дар ин бозори калон чандин бор аст, ки оташсӯзӣ ба амал меояд, вале бузургтарини онҳо соли 2006, моҳи августи соли 2008 ва ниҳоят 8-уми августи соли 2011 ба амал омадааст.

Оташсӯзии соли 2008 беш аз 2000 метри мураббаи бозорро ҳамроҳ бо молу колоаш ба коми худ кашид. Агарчӣ зарари воридкардаи ин оташсӯзиҳо ба чандин ҳазор доллар баробар буд ва чандин соҳибкорон варшикаста шуда манзилҳои зисташонро аз даст додаанд, вале ягон бор сабаби аслии ин оташсӯзиҳо мушаххас нашудаву ягон нафар ҳам ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG