Пайвандҳои дастрасӣ

Саудия сафирашро аз Сурия фаро хонд


Арабистони Саудӣ сафири худро аз Сурия бозпас хонд. Ин иқдом ба нишони эътироз аз саркӯбгариҳои ҳукумати Сурия дар муқобили норозиён сурат гирифтааст. Дар изҳороти подшоҳи Саудия Малик Абдуллоҳ, ки дар кишварҳои арабӣ пахш гардид, хушунатҳои Сурия “амали ғайри қобили қабул” номида шудаанд. Лигаи кишварҳои араб низ аз хушунатҳо дар Сурия ва ҳалокати 50 нафар дар саркӯбгариҳои охири режими Башор Асад изҳори нигаронӣ кард. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Сурия гуфтааст, саркӯби тазоҳургарон ва норозиёнро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG