Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди шадиди Гейтнер аз арзёбии Standard & Poor's


Вазири молияи Амрико, Тимотӣ Гейтнер коҳиши дараҷаи эътимоди Иёлоти Муттаҳидаро аз тарафи ширкати Standard & Poor's шадидан танқид кард ва онро як “қазовати мудҳиш” номид. Вай гуфт, ин арзёбӣ “камбуди ҳайратовари бардошти онҳоро аз алифбои одии буҷаи Амрико нишон медиҳад.” Пештар Кохи Сафед гуфт, Гейтнер дар мақомаш боқӣ хоҳад монд, ҳарчанд бархе аз ҷумҳуриҳохони Амрико ба дунболи эълони коҳиши дараҷаи эътимод истеъфои Гейтнерро талаб карданд. Сухангӯи Кохи Сафед, Ҷей Карнӣ гуфт, раисиҷумҳур аз Гейтнер дархост кард, дар мақомаш бимонад ва аз тасмими ӯ истиқбол намуд. Гейтнер гуфта буд, ки омодааст, истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG