Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиб: Толибон ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд


Волии вилояти Бадахшони Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки мусаллаҳони ҷунбиши Толибон талош доранд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Тоҷикистон убур кунанд. Шоҳ Валиуллоҳ Адиб гуфтааст, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъ дар Бадахшон ва ҷалби кӯмакҳои молӣ ба худ аст. Ба гуфтаи ӯ, фъолияти Толибон дар Бадахшони Афғонистон барои он густариш меёбад, ки роҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ боз шавад. Адиб ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз ин нақшаҳо ва нуфузи афзояндаи толибҳо силоҳ ва техникаи кофӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG